ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, дар баёнияи Бонки миллии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки камбуди арзҳои хориҷӣ дар ин кишвар ҳамвора вуҷуд дошта, аммо бо баста шудани марзҳо бо шарикони аслии тиҷорӣ ва коҳиши содироти маҳсулот ба далели густариши вируси корона мушкили камбуди арзҳои хориҷӣ низ бештар шуд.
Воридот; се баробари содирот
Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол наздик ба як миллиард доллар содирот ва 3 миллиард доллар воридот доштааст аз ин рӯ камбуди рӯзонаи доллар дар бозори дохилии Тоҷикистон дар фаслҳои тобистон ва зимистон байни 8 то 25 миллион долларро ташкил мекунад.
Ин дар ҳоле аст, ки имсол нахустин бор арзиши сомонӣ дар баробари доллар аз 10 сомонӣ фаротар рафт.
Акнун ҳар доллар 10 сомонӣ ва 33 дирам хариду фуруш мешавад, ки дар бозори ғайри расмӣ ин шохис ба маротиб бештар аст.
342/